16-уми майи соли 2026 дар доираи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бо ибтикори дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилзода Фируз Маҳмадалӣ донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 250111 - аудит ва ревизия бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ, шиносоӣ бо мероси таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз Қалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид донишҷӯён ёдгориҳои таърихии ин макони бостонӣ - дарвозаю деворҳои қадимаи Қалъаи Ҳисор, осорхона, мадраса ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангиро тамошо карда, оид ба таърихи пайдоиш ва аҳаммияти фарҳангии онҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Ҳисор яке аз марказҳои муҳимми таърихиву фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, дорои таърихи беш аз ҳазорсола мебошад.
Донишҷӯён аз ин сафар таассуроти хуб бардошта, онро барои худ омӯзанда ва хотирмон арзёбӣ карданд.
Чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи кишвар, фарҳанги миллӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 