Рӯзҳои 11-13 майи соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон шаҳри Ашқобод Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон дар замони муосир: ҳамкорӣ барои таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор» баргузор гардид.
Дар ҷараёни конференсия олимон, коршиносон ва намояндагони доираҳои дипломатии кишварҳои гуногун масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатияи об, ҳуқуқи байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин ҳамоиши бонуфуз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, н.и.и. Сафаров Ҷовидон Азизмадович намояндагӣ кард.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки майдони муҳим ҷиҳати мубодилаи афкор ва таҷриба мебошад, барои густариши ҷаҳонбинӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик мусоидат менамояд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 