БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ”

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 15 Май 2026

15-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Низомномаи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳти унвони «Донишҷӯи сол - 2026» даври донишгоҳии озмуни мазкур баргузор гардид.

          Мақсади озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинию маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад.

          Дар озмуни доиргардида донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ Марифов Муҳаммад Фармонҷонович ва ихтисоси 250111 - аудит ва ревизия Одинаева Ҳадиса Собирҷоновна дониш, салоҳиятнокӣ ва омодагии хуб нишон дода, ғолиби даври донишгоҳии озмун гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол” роҳ ёфтанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top