МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 13 Май 2026

13-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарғиби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мизи мудаварро мутахассиси раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ, дотсент Сабоҳат Ҳабибова оғоз намуда, оид ба зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки мақсади он баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, суханронӣ намуд.

Сипас, омӯзгорони кафедраи назарияи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ Рухшона Раҳимова дар мавзуи “Танзими ҷашну маросим ва нақши он дар рушди ҷомеа” ва Зебо Фозилова дар мавзуи “Саҳми ҷавонон дар татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маърӯза намуда, оқибатҳои ҳуқуқии риоя накардани қонуни амалкунандаро шарҳ дода, ҷавононро ба ҳифзи аришҳои миллӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ даъват намуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар наворҳо аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ намоиш дода шуда, донишҷӯён фикру андешаҳояшонро роҷеъ ба онҳо баён намуданд. Таъкид гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур саҳми арзанда мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top