ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "СУРУДИ ҶАВОНӢ" БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 12 Май 2026

         11-уми майи соли 2026 дар доираи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Фирдавсӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони "Суруди ҷавонӣ" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Далер, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Зайнаб Каримова, аъзои раёсат ва донишҷӯёну кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.

         Чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои донишгоҳ оғоз гардида, сокинону меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангию варзишӣ аз наздик шинос гардиданд.

         Сипас, дастаи ҳунарии “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо барномаи омоданамудаи фарҳангӣ, ки аз савту суруд ва таронаҳои ба васфи Ватан, истиқлолият, ҷавонӣ бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззобу дилнишин иборат буданд, хотири сокинону меҳмонони пойтахтро болида гардониданд.

         Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби Ализода Далер Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд, мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top