6-уми майи соли 2026 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо заминаи моддӣ-техникӣ, раванди таълиму тарбия, шароити таҳсил, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва равобити байналмилалии ин муассисаи таълимӣ шинос гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар ва директори донишкада, дотсент Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, акселератсия ва соҳибкории рақамӣ, синфхонаҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ, кафедраю факултетҳои донишкада, раванди машғулиятҳои омӯзгоронро аз назар гузаронида, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён суҳбати самимӣ доир намуданд.
Ректори ДДТТ доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои компютерӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Бо вуҷуди ин, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ба ин васила баланд бардоштани мақоми донишгоҳу донишкада дар байни МТОК-и ҷумҳурӣ - гуфт дар идомаи суханаш Хайрулло Холназар, - моро зарур аст, ки табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, доир намудани ҳамоишу конференсияҳои муштарак, нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимиро густариш дода, аз дастоварду комёбиҳои олимону донишҷӯёни ҳамдигар маълумоти бештар пайдо намоем.
Дар фарҷоми суҳбат ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар изҳори умед намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи иқтисод ва савдо дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро боз ҳам афзун гардонида, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.








Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 