6-уми майи соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар фазои табиати зебои фасли баҳор донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук аксияи “Тарғиби расму маросимҳо ва либосҳои миллӣ”-ро баргузор карданд.
Аксия бо ҳадафи ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии либосҳои миллӣ дар байни ҷавонон сурат гирифт.
Дар чорабинӣ донишҷӯдухтарон либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласҳои рангоранг, чакан ва дигар либосҳои анъанавии тоҷикиро бо ҳисси ифтихор пӯшида, расму ойини миллӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро тарғиб намуданд.
Донишҷӯдухтарони факултет бо намоиши намудҳо ва дӯхти гуногуни либосҳои миллӣ, аз таърихи расму маросими дӯхти либосҳои миллӣ нақлҳои ҷолиб карда, дар бобати рамзи ҳар як нақши зебову нотакрори либосҳои миллии чакану атлас маълумотҳои зиёди таърихӣ оварда, онҳоро шарҳу эзоҳ доданд.
Чорабинии мазкур дар фазои идона ва ҳамзамон илмӣ-тарбиявӣ ҷараён гирифта, таваҷҷӯҳи зиёди донишҷӯён, омӯзгорон ва меҳмонони донишгоҳро ба худ ҷалб намуд.
Муовини декани факултет оид ба тарбия Фарҳод Шаропов доир чорабинии баргузоргардида ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки баргузории чунин иқдом ва аксияҳо ҳувияти миллӣ ва ифтихори фарҳангии ҷавононро таҳким бахшида, ҳамзамон либоси миллӣ ва расму ойинҳои моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 