ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 62 | Санаи нашр: 06 Май 2026

5-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву таърихии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватанпарастиву миллатдӯстӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва рушди худогоҳии миллӣ даври якум – даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид.

          Озмуни мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор шуда, дар он донишҷӯён ва унвонҷӯёни факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

          Довталабон зимни баргузории озмун доир ба асарҳои Пешвои муаззами миллат баромадҳои пурмазмун намуда, донишу ҷаҳонбинии худро оид ба таърихи давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати давлатӣ нишон доданд.

          Ҳайати ҳакамони озмун ба сатҳи дониш, фаҳмиши муҳтавои асарҳои Пешвои миллат, қобилияти таҳлил, баёни андеша ва фарҳанги суханварии довталабон воқеъбинона баҳогузорӣ карда, ғолибонро муайян намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top