БАРГУЗОРИИ МАСТЕР – КЛАССҲО ДАР ДОИРАИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 77 | Санаи нашр: 05 Май 2026

5-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи Конференсияи 4-уми байналмилалии илмию амалии “Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" аз ҷониби олимон ва коршиносони ватанию хориҷӣ якчанд мастер-классҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла:

  • Томас Понсе Дентино, таҳқиқгари Донишгоҳи ҷазираҳои Азори Португалия дар мавзуи “Чӣ тавр дар маҷаллаҳои иқтибосшавандаи Scopus” нашр кардан мумкин аст? Мисолҳо ва тавсияҳо”;
  • Эдуардо Ҳаддад, профессори кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия дар мавзуи “Таҳлили таъсири минтақавӣ ва байниминтақавӣ: усулҳои арзёбии пешакӣ”;
  • Тарас Бондаренко, профессор, ҳамоҳангсози кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи ба номи Мария Кюри - Складовскаяи Полша дар мавзуи “Қудрати муносибатҳо”;
  • Дурандеш Шарифзода, мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ: таъмини сифати баланди нашрияҳо ва мусоидат ба индексатсия дар Scopus ва Web of Science”.

     Дар раванди баргузории мастер-классҳо масъалаҳои муҳимми чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалии иқтибосшавандаи Scopus ва Web of Science, усулҳои таҳлил ва арзёбӣ, мутобиқсозии маҷаллаҳои илмии миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини сифати баланди нашрияҳо, табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон баррасӣ карда шуданд.

     Дар фарҷом Томас Понсе Дентино, Муҳаббат Рамазанова, Рая Карлибаева ва Ҷамшед Машокиров кори конференсияро ҷамъбаст карда, натиҷаҳои фаъолияти Ассамблеяи илмии минтақавии Осиёи Марказӣ ва нақшаи минбаъдаи онро муаррифӣ намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top