РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 71 | Санаи нашр: 05 Май 2026

Тавре иттилоъ дода будем, 4-уми майи соли 2026 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илми минтақавӣ (RSAI) ҷаласаи пленарии Конференсияи IV байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардид ва нимаи дуюми ҳамон рӯз кори конференсия дар бахшҳои зерин идома ёфт.

  • Бахши 1. “Рақамикунонӣ, рушди иқтисодӣ ва инфрасохтор барои рушди устувори минтақавӣ” (модераторон – профессорони ДДТТ Раҷабов Р.К. ва Мирзоалиев А.А.);
  • Бахши 2. “Устувории экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҷанбаҳои иҷтимоии рушди устувор” (модераторон - Муҳаббат Рамазонова, таҳқиқгари Маркази таҳқиқотҳои соҳаи иқтисодиёт, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ (REMIT)-и Португалия ва Султонов З.С., сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДТТ).

          Дар бахшҳои конференсия масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, иқтисодиёти сабз, рушди иқтисодии минтақаҳо, фазои сармоягузорӣ, саноатикунонӣ, таъмини инфрасохтории соҳибкорӣ, рушди устувори бозори меҳнат, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, танзими ҳуқуқии рушди устувор, низоми нақлиётӣ, кластерҳои гумрукию нақлиётӣ, андозу андозбандӣ, хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ ва таҳсилоти донишҷӯмеҳвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top