РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 73 | Санаи нашр: 04 Май 2026

         Рӯзи 4-уми майи соли 2026 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илми минтақавӣ (RSAI) Конференсияи IV байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардид, ки он то 6-уми май идома меёбад.

         Ҳадафи конференсия ба платформаи байналмилалӣ табдил додани рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, муаррифӣ ва муҳокимаи охирин таҳаввулот ва навовариҳо дар ин самт мебошад.

         Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон ва коршиносон аз Ҷумҳуриҳои Бразилия, Португалия, Полша, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

         Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, дотсент Ҷамшед Машокиров сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро бо аҳли толор муаррифӣ карда хайрамақдам гуфт ва суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар дод.

         Ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар меҳмонон ва иштирокчиёнро бо оғози конференсияи байналмилалӣ шодбош гуфта, баргузории чорабиниро барои иттиҳоди илмии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори минтақавиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

         Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки Конференсияи IV байналмилалии илмию амалӣ барои муаррифӣ, муҳокима ва табодули таҷриба дар самти рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.

         Дар идомаи конференсия Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии илми минтақавӣ (RSAI) Хироюки Сибусава ба таври маҷозӣ ва ректори Донишгоҳи ба номи Мария Кюри - Складовскаяи Полша, доктори ҳабилитат, профессор Радослав Доброволский сухани шодбошӣ баён намуданд.

         Баъдан, дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳои олимону коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд:

  • Эдуардо Ҳаддад, профессори кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия дар мавзуи “Самараи иқтисодии долонҳои нақлиётии фаромиллӣ: аз арзёбии пешакии таъсири онҳо чӣ омӯхта метавонем?”;
  • Томас Понсе Дентино, таҳқиқгари Донишгоҳи ҷазираҳои Азореси Португалия дар мавзуи “Модели ҳамкориҳои фазоӣ бо назардошти истифодаи замин”;
  • Руи Албукерке д,Орей, коршиноси ширкати байналмилалии Испанияю Португалия “OREY SHIPPING” дар мавзуи “Бозсозӣ (ё "тағйирот") дар бозорҳои байналмилалии боркашонии баҳрӣ”;
  • Муҳаббат Рамазонова, таҳқиқгари Маркази таҳқиқотҳои соҳаи иқтисодиёт, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ (REMIT)-и Португалия дар мавзуи “Сайёҳии экологӣ ва рушди минтақавӣ: натиҷаҳои таҳқиқоти гурӯҳи корӣ”;
  • Карлибаева Рая, профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи “Фазои сармоягузории Ӯзбекистон ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ”;
  • Асел Пазилова, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи технологии Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзуи “Арзёбии самаранокии сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ, Туркия ва Озарбойҷон”;
  • Қодирова Заррина Ҳалимовна, профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор”;
  • Абдувалиев Мубинҷон, доктори PhD, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, “Ҷамъбасти ҷаласаи пленарӣ ва дастурҳо барои кори минбаъдаи бахшҳои конференсия”.

         Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ байни иштирокчиёни конференсия саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва муҳокимаи маърӯзаҳо сурат гирифт. Зимни музокираҳо муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров, профессорон Раҷаб Раҷабов, Мунаввар Саидова ва Нозимҷон Нидоев фикру андешаҳояшонро доир ба рушди устувори минтақавӣ баён намуданд.

         Ҳамзамон, дар ҳошияи конференсия раёсати донишгоҳ бо намояндагони донишгоҳҳои Бразилия, Португалия, Полша, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон мулоқот доир намуд.

         Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар ба маърӯзачиён Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба кори бахшҳои конференсия барору комёбӣ орзу намуд.

         Нимаи дуюми рӯз кори конференсия дар бахшҳо оғоз ёфт ва он то 6-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top