ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ

Бинанда: 69 | Санаи нашр: 03 Май 2026

2-юми майи соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии донишгоҳ дар кафедраи фаъолияти гумруки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Барқро сарфакорона истифода бояд бурд” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет Сафаров Ҷ.А., ҷонишини декани факултет оид ба таълим Муҳаммадсафои И., ҷонишини декан оид ба тарбия Шаропов Ф.Н., дотсентон Алиев М.Б., Нидоев П.Ф., муаллимони калон Назарбекова Н.А., Ашурова М.Т. ва донишҷӯёни ихтисоси 960101- хадамоти гумрукӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни дарс таҳтии роҳбарии омӯзгори калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Ашурова М.Т. маърӯзаҳои донишҷӯён доир бо мавзӯи матраҳшуда шунида ва баррасӣ карда шуданд:

• Аҳрорзода Аҳмад Шуҳратуллоевич дар мавзӯи “Истифодаи қувваи барқ - фарҳанги сарфакорӣ мебояд”;

• Хоҷаев Ҷамшедхоҷа Саъдуллоевич дар мавзӯи “Сарфаи барқ аз гӯшаи виҷдон аст”;

• Ҷалолов Манзаршоҳ Раҷабалиевич дар мавзӯи “Истиқлолияти энергетикӣ – асоси рушди иқтисодӣ”.

Зимни суханрониҳо зикр карда шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба шумор рафта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодӣ равона шудааст.

Қайд карда шуд, ки сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ на танҳо омили муҳими иқтисодӣ, балки нишонаи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ низ ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаи барқ ба коҳиши талафоти неруи барқ, таъмини босифати аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо неруи мусоидат мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ декани факултет Ҷовидон Сафаров доир ба сиёсати давлатии энергетикӣ ва хидматҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар андешаронӣ намуда, зикр кард, ки рушди соҳаи энергетика, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллӣ, барои таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Ҳамзамон, декани факултет Ҷовидон Сафаров зикр намуд, ки санаи 24-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати донишҷӯёни факултет Холмаҳмад Абдуллоев, Алиҷон Азимов, Акмалҷон Устоев ва Ҷаҳонгир Қаюмов таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Нидоев Парвиз Фозилович дар номинатсияи «Даставӣ» сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи дараҷаи сеюм, Сипоснома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет саҳми донишҷӯёнро дар муаррифии шоистаи донишгоҳ баланд арзёбӣ намуда, онҳоро аз номи садорати факултет бо мукофотпулӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top