АКСИЯИ ФАРҲАНГИИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

Бинанда: 5 | Санаи нашр: 02 Май 2026

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, эҳёи либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, санаи 1-уми майи соли 2026 аксияи фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарзи донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо ба бар намудани либосҳои миллӣ ва анъанавии тоҷикона намунаи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ нишон доданд.

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанги мардум буда, муаррифгари таърих, ҳувият ва суннатҳои неки миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки тарғиби либоси миллӣ дар миёни ҷавонон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти калон дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top