25-уми апрели соли 2026 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук бо иштироки садорати факултет ва доираи васеи донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии сиёсӣ масъалаҳои мубрами пайдоиш ва паҳншавии экстремизму терроризм, роҳҳои самараноки пешгирӣ ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб, таҷрибаи ватанӣ ва байналмилалӣ дар ин самт, нақши маърифат ва таҳсилот дар мубориза бо ифротгароӣ, таъсири геополитика ва рақобати байнидавлатӣ ба афзоиши хатарҳои террористӣ, радикализатсияи ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, доир ба хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ҷавонон иброз карда шуд, ки Сарвари давлат ҷавононро ҳамчун неруи созанда ва ояндаи миллат дониста, сиёсати давлатии ҷавононро ба сатҳи аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ қарор додаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бидуни худшиносию худогоҳии миллӣ ҷомеа пешрафт карда наметавонад.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёфта, номбардори ниёгони хирадманду шарафманди худ бошанд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ, инчунин маърӯзаҳои донишҷӯён дар мавзуъҳои гуногуни зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:
• Ғаюрова Парвина Садриддиновна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 96010102 – таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи “Бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ Имом Абӯҳанифа, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино ва дигарон”;
• Малахов Абумусалин Бурҳонович, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 240102016 – ҳуқуқи иттилотӣ дар мавзуи “Эҳёи ҷашнҳои миллӣ Наврӯз, Сада, Меҳргон дар бедории ҳисси миллӣ”;
• Ҳасанзода Нозия, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар мавзуи “Асарҳои таърихии Пешвои миллат дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон”.
Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет Ҷовидон Сафаров доир ба хидматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбия ва ташаккули мафкураи миллии ҷавонон, бедории ҳисси ватандӯстӣ ва омода кардани насли соҳибмаърифат андешаронӣ кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди ҷавонон, амалӣ шудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи маориф, стипендияҳои президентӣ, грантҳо барои лоиҳаҳои ҷавонон, ҷоизаҳои давлатӣ барои олимони ҷавон, ҷавоникунонии кадрҳо - таъйини ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда барои баланд бардоштани руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллию умумибашарӣ мусоидат менамоянд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 