ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДДТТ: ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 27 Апрел 2026

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 20-ум то 25-уми апрели соли 2026 бо мақсади таҳкими неруи зеҳнӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёну омӯзгорон Ҳафтаи илм баргузор гардид. Чорабиниҳо бо ширкати фаъоли омӯзгорону муҳаққиқон, донишҷӯён, магистрантон ва намояндагони бахшҳои илмӣ-тадқиқотӣ баргузор шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Дар моҳи апрели соли 2026 бахшида ба Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ чорабиниҳои зерини илмӣ баргузор шуданд:

  1. Рӯзҳои 6–11 апрел намояндагони донишгоҳ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуда, дар конфронси байналмилалӣ иштирок ва бо роҳбарият ва омӯзгорони донишгоҳи шарик вохӯриҳои корӣ баргузор карданд. Дар рафти сафар масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули академӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак баррасӣ гардида, ҳамзамон машғулиятҳои таълимӣ ва лексияҳои кушод гузаронида шуданд. Натиҷаи сафар ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот мусоидат намуд.
  2. 10-уми апрели соли 2026 ҳайати Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромилӣ (ITEA) ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули академӣ, мутобиқсозии барномаҳо ба талаботи бозори меҳнат ва ташкили таҷрибаомӯзии байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва рушди рақамикунонии низоми таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
  3. Аз 12-ум то 16-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Истанбул дар доираи лоиҳаи байналмилалии POLCA семинари илмӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Қодирова Заррина Ҳалимовна иштирок намуда, оид ба масъалаҳои методологияи таҳқиқоти муосир, меъёрҳои ахлоқии нашри илмӣ ва нақши институтҳои ғайрирасмӣ мубодилаи афкор анҷом дод. Ҳамзамон, бо маърӯза дар бораи таъсири институтҳои алтернативӣ ба некуаҳволии аҳолӣ баромад намуд. Иштирок дар семинар ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ мусоидат кард.
  4. Муаррифии барномаи Horizon Europe. 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сессияи иттилоотӣ ва нетворкинг доир мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Global Service Facility (Комиссияи Аврупо) баргузор шуда, ба муаррифии барномаи Horizon Europe ва имкониятҳои маблағгузории тадқиқот ва инноватсия барои солҳои 2026–2027 равона гардидааст. Дар доираи он инчунин сессияи нетворкинг барои ташкили консорсиумҳои байналмилалӣ баргузор мешавад. Иштирокчиёни чорабинӣ муҳаққиқон, намояндагони донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошанд. Чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки муҳаққиқони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маблағгузорӣ ҷалб намоянд.
  5. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар «Сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ» фаъолона иштирок намуда, имкониятҳои таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва самтҳои ҳамкориҳои байналмилалии худро муаррифӣ кард. Ҳамзамон, намояндагони донишгоҳ дар мулоқоту гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷӣ иштирок намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
  6. Ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барномаи бурсиявии муштараки IOFS–COMSTECH пешниҳод гардид, ки барои магистрантони кишварҳои Осиёи Марказӣ имконияти гузаронидани таҳқиқот ва омӯзишро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ фароҳам меорад. Барнома дар Донишгоҳи таҳқиқотии агротехникии Қазоқистон ба номи С. Сейфуллини шаҳри Остона ба муддати 4–6 моҳ амалӣ гардида, тамоми хароҷот аз ҷониби ташкилкунандагон маблағгузорӣ мешавад. Самти барнома ба таҳқиқи масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ равона шудааст.
  7. 20-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон “Ҳафтаи илм” бо баргузории ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён оғоз гардид. Дар идомаи чорабинӣ суханҳои шодбоширо намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Фархунда, инчунин олимони хориҷӣ — дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын Насырова Батима Боколовна ва профессори Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Л.Н. Гумилёв Байгабулова Куляш Касымжановна баён намуданд.
  8. Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи ташаббуси “Моҳи саводнокии молиявӣ”, ки аз 1-ум то 30-юми апрел баргузор мегардад, доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии ҷавонон равона карда шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони соҳаи бонкӣ оид ба аҳамияти саводнокии молиявӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, роҳҳои идоракунии самараноки даромад ва хароҷот, истифодаи дурусти хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ ва маҳсулоти молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирии хатари қаллобӣ ва баланд бардоштани фарҳанги молиявии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ дар шакли муколамаи кушод баргузор гардида, донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гиранд ва донишу малакаҳои амалии худро дар самти истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ тақвият бахшанд. Дар маҷмуъ, вохӯрии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии донишҷӯён ва омодасозии онҳо ба фаъолияти мустақилона дар бозори молиявӣ мусоидат намуд.
  9. 24-уми апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Кохи «Суруш» маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» баргузор гардид. Дар он намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси маркетинг Дагиева Меҳрона Абдуллоевна дар бахши фанҳои иқтисодӣ сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
  10. 25-уми апрели соли 2026 унвонҷӯи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ Каримзода Мадина Исоқидин рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Рушди баҳисобгирӣ ва назорати хароҷоти хизматрасониҳои кейтерингӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.18 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит бомуваффақият ҳимоя намуд.
  11. Дар соли 2026 омодасозии 23 адад диссертатсия (4 докторӣ ва 19 номзадӣ) ба нақша гирифта шудааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, қисми зиёди дигар довталабон марҳилаи пешдифоъро гузаштаанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар донишгоҳ ба таври системавӣ амалӣ гардида истодааст.
  12. Дар донишгоҳ 26 маҳфили илмӣ ва 3 ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият намуда, зиёда аз 600 нафар донишҷӯро фаро гирифтаанд. Илова бар ин, дар доираи “Ҳафтаи илм” 461 маърӯза (167 омӯзгорон ва 294 донишҷӯён) ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда сатҳи иштироки фаъол ва рушди муҳити илмиро дар донишгоҳ бозгӯ менамояд.
  13. 11 бахши конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);
  14. 11 бахши конфронси илмии омӯзгорон (вобаста ба кафедраҳо);
  15. Омода ва ба нашр пешниҳод намудани 1 маҷмуаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ;
  16. 23 маҳфили илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);
  17. Тибқи нишондиҳандаҳои саҳифаи Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (ба ҳолати 14.04.2026) Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавқеи устувор дошта, сатҳи таъминшавӣ бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба 103,26 фоиз баробар мебошад.
  18. 17-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон равона шуда буд. Дар он роҳбарият ва кормандони сохторҳои таълимӣ иштирок намуда, масъалаҳои арзишҳои миллӣ ва динӣ, пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
  19. 1-уми апрели соли 2026 бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гафарзода Мавҷуда Тахир тасдиқ гардида, ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.12 – иқтисодиёти меҳнат дода шуд.
  20. 1-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи математика баргузор гардид. Дар натиҷа ғолибон муайян шуда, барои иштирок дар даври дуюм роҳхат гирифтанд. Чорабинӣ ба рушди тафаккури мантиқӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои донишҷӯён мусоидат намуд.
  21. 1-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Чорабинӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар анҷом миёни донишҷӯён озмун гузаронида шуда, ғолибон қадрдонӣ гардиданд.
  22. 2-юми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён донишу малакаи худро дар самти технологияҳои рақамӣ ва барномасозӣ нишон дода, ғолибон муайян карда шуданд.
  23. 4-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ҶСК «Бонки Эсхата» бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои маърифати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ва ҷалби пасандозҳо баррасӣ гардида, миёни ҷонибҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
  24. 10-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Географияи иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар натиҷа ғолибон муайян шуда, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
  25. 8-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок намуда, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ва мубодилаи афкор анҷом ёфт.
  26. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати ройгони «Тарроҳ – дӯзанда» барои донишҷӯдухтарон ва бонувон ба роҳ монда шуд. Курси мазкур ба омӯзиши малакаҳои дӯзандагӣ ва дизайн равона гардида, пас аз хатм ба иштирокчиён сертификат дода мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи шуғл ва соҳибкасб гардонидани бонувон мебошад.
  27. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” ба дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи IV байналмилалии донишҷӯён сазовори ҷойи якум гардида буданд, медал ва дипломи дараҷаи 1-ум тақдим карда шуд. Ин дастовард натиҷаи дониши баланд ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
  28. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” ҳафтаномаи “Тоҷир”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми муносиб дар рушди матбуот бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
  29. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” мастер-класс аз ҷониби профессори Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон Байгабулова Куляш Касымжановна баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва муҳаққиқон иштирок намуданд.
  30. Ҳамзамон, мастер-класси дигар аз ҷониби дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын Насырова Батима Боколовна доир гардида, дар он муовини декани факултети молия ва қарз оид ба илм ва инноватсия Муқаддам Тураева, омӯзгорон ва муҳаққиқони кафедра иштирок карданд.
  31. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” муҳокимаи ошкорои диссертатсияи Раҷабов Комрон Раҷабович дар мавзуи такмили механизми ташкилию иқтисодии рушди бахши хусусӣ дар соҳаи хизматрасонӣ баргузор гардида, барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 5.2.3 пешниҳод шуд.
  32. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” санаи 27-уми апрели соли 2026 муҳокимаи ошкорои диссертатсияи Наврӯзи Мирзо дар мавзуи «Ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06 – иқтисодиёт ва идоракунӣ (иқтисодиёти соҳибкорӣ) пешниҳод мегардад.
  33. Ба нашр тавсия намудани монографияҳо, инчунин ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот, эҷодкору навовар, инчунин ҷиҳати мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
  34. Дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойгир намудани 11 натиҷаҳои конфронсҳо ва маводҳои илмӣ;
  35. Нашри Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон № 1(61) 2026;
  36. Муҳокимаи 268 маърӯзи донишҷӯён дар конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);
  37. Бозтоби Ҳафтаи илм дар телевизион, ҳафтаномаи “Тоҷир”, сомонаи донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоии саҳифаи расмии ДДТТ, фейсбук, ютуб ва телеграм.
  38. Натиҷаи конфронс дар шакли суратгузориш инъкос карда шуд.
  39. Инчунин, аз дастовардҳои муҳим дар семоҳаи аввали соли 2026 метавон ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатов Насимҷон Сайдаҳтамовичро зикр намуд. Ӯ 7-уми марти соли 2026 рисолаи худро дар мавзуи ташаккул ва рушди фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 08.00.06 – иқтисодиёт ва идоракунӣ (иқтисодиёти соҳибкорӣ) бомуваффақият ҳимоя кард. Ин дастовард ба рушди иқтидори илмии донишгоҳ мусоидат менамояд.
  40. Инчунин, аз дастовардҳои муҳим дар семоҳаи аввали соли 2026 метавон зикр намуд, ки ба як қатор омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода шуданд. Аз ҷумла, Нидоев Нозимҷон Фозилович ба унвони профессор, Алиев Маҳмадҷон Баҳронович ва Раҷабов Комрон Раҷабович ба унвони дотсент мушарраф гардиданд. Ин дастовардҳо нишондиҳандаи рушди иқтидори илмӣ ва баланд гардидани сатҳи касбии ҳайати омӯзгорони донишгоҳ мебошанд.
  41. Инчунин, аз дастовардҳои муҳим дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи андоз ва андозбандӣ Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризо мебошад. Ӯ 27-уми феврали соли 2026 рисолаи худро дар мавзуи “Такмили андозбандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” аз рӯи ихтисоси 5.2.17 – молия ва муомилоти пулӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
  42. Дар соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рушди иқтидори илмӣ идома ёфта, тибқи нақша ҳимояи 22 диссертатсия (17 номзадӣ ва PhD, 5 докторӣ) пешбинӣ гардидааст. Амалӣ гардидани ин нақша ба зиёд шудани ҳиссаи омӯзгорони дорои унвони илмӣ то 76 фоиз ва таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ мусоидат менамояд.
  43. 27-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешдифои диссертатсияи номзадии омӯзгори калон Алимов Ҷомӣ Шарифалиевич дар мавзуи “Такмили механизми хизматрасониҳои таълимӣ” баргузор гардид. Пешдифоъ бомуваффақият анҷом ёфта, ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат намуд.
  44. Дар оғози соли 2026 рисолаи номзадии омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Алимардонзода Бобохон Маҳмадӣ тасдиқ гардида, ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – таърихи ватанӣ дода шуд.
  45. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” дар анҷоми ҷаласаи пленарӣ як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва иштироки фаъолона бо дипломҳо, унвонҳо, нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
  46. Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2025, №442/уи ба доктори илмҳои иқтисодӣ Саидаҳмад Зубайдов унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси «Иқтисодиёт» дода шуд.
  47. Ҳамчунин, бо ҳамин фармоиш ба номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДТТ Зуҳалҷон Тӯйчиқулов унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси «Иқтисодиёт» дода шуд.
  48. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” як қатор омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Ғаюрӣ Раъно Саидмурод — номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, Амонов Саҳбон Сарватҷонович — номзади илмҳои иқтисодӣ, котиби масъули маҷаллаи илмии «Паёми ДДТТ».
  49. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” ба донишҷӯён ва дастаи олимпиадачиёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъол ва натиҷаҳои назаррас дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни менеҷмент дипломҳо тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, Салимов Нодир Илҳомиддинович бо дипломи дараҷаи 1 ва дастаи «Менеҷерҳои ояндасоз» бо дипломи дараҷаи 3 қадрдонӣ гардиданд.
  50. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар барномаи байналмилалии Vis Moot ва нишон додани донишу малакаи баланд ба даври навбатии озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Гонконг баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
  51. Дар доираи омодагии сатҳи баланд ба баргузории чорабиниҳои илмӣ, рӯзҳои 4–6 майи соли 2026 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии илмии RSAI Форуми IV байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи «Рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.
  52. Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” 24 апрели соли 2026 дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, дар номинатсияи «Даставӣ» сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рушди илм ва таҳқиқоти таълимӣ дар доираи Ҳафтаи илм саҳми назаррас гузошт. Донишгоҳ ба ин чорабинӣ ҳамчун як маркази илмӣ ва таҳқиқотӣ бо ташкил ва баргузории як қатор конференсияҳо, семинарҳо ва мастер-классҳо кӯмак намуд.

Ҳафтаи илм дар ДДТТ на танҳо як чорабинии илмӣ, балки ҳамчун як имконият барои омезиши илм ва амал, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳо бо донишгоҳҳои хориҷӣ буд.

Дар баргузории Ҳафтаи илм ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Назарзода Х.Х., сардори Раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Султонов З.С., раиси Шурои олимони ҷавон, котиби маҷалаи илмии “Паёми ДДТТ”, н.и.и., дотсент Амонов С.С., мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Тагаева М. Р., муовинони декан оид ба илм ва инноватсия Тураева Муқаддам, Давлатов Насим, Одинабеков Хусрав саҳми арзанда гузоштанд. Бо чунин тими устувор ва қавӣ, воқеан ҳам ифтихор дорем.

 

Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич,

муовини ректор оид ба илм ва

 робитаҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top