ОҒОЗИ ПЕШДИФОИ РИСОЛАҲОИ ХАТМ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 27 Апрел 2026

25-уми апрели соли 2026 дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ пешдифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни ихтисоси 250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ оғоз гардид.

 

Дар ҷараёни пешдифои рисолаҳои хатм сардори раёсати таълим Зафар Маҳмадуллоев, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Садафмоҳ Ҳамидова, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Рустамзода Фитрат Музаффар, декани факултет Ҷовидон Сафаров, роҳбарони илмии рисолаҳои хатм - омӯзгорон Назруллозода Майсара, Назира Азизова, Идимоҳ Қурбонова иштирок намуданд.

 

Дар раванди пешдифоъ донишҷӯён тариқи рӯнамо маърӯза намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмиашонро пешниҳод карданд ва ба саволҳои аъзои комиссия ҷавоб доданд.

 

Ҳамзамон, ба донишҷӯён камбудӣ ва норасоиҳои корҳои илмиашон нишон дода шуда, таъкид гардид, ки рисолаҳои хатм бояд ба талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷавобгӯ ва аз барномаи антиплагиат гузашта бошанд, тарзи барасмиятдарорӣ, меъёри забони адабӣ, тартиб ва қоидаҳои иқтибосоварӣ риоя карда шаванд.

 

Дар фарҷом ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дар мӯҳлатҳои муайяншуда камбудӣ ва норасоиҳои баёншударо ислоҳ намуда, рисолаҳоро барои дифоъ пешниҳод намоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top