ХУШХАБАР! ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАС ДАР РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 24 Апрел 2026

24 апрели соли 2026 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи «Суруш» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, баргузор гардид.

Боиси ифтихору сарфарозии аҳли устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки намояндагони донишгоҳ дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, ба дарёфти ҷоизаҳои кумитаи тадорукот мушарраф гардиданд.

Аз ҷумла, Дагиева Меҳрона Абдуллоевна — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260203 (маркетинг), дар бахши фанҳои иқтисодӣ, дар номинатсияи «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» сазовори ҷойи якум гардид.

Роҳбари илмӣ: Абдураҳмони Ҳақимзод — иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати факултети молия ва қарз.

Раёсат ва ҳайати устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»-ро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ муваффақиятҳои пайдарпай таманно менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top