ДАСТАИ ДДТТ - ҶОИЗАДОРИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ ГУМРУК”

Бинанда: 7 | Санаи нашр: 26 Апрел 2026

24-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

 Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманд, рушди малакаҳои касбӣ, омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳандозӣ гардид.

 Дар озмун намояндагони 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бо иштироки 52 нафар донишҷӯ ширкат варзида, дар номинатсияи «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» дониши худро санҷиданд.

Дар Озмун дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати донишҷӯён Абдуллоев Холмаҳмад Маҳмадшарифович, Азимов Алиҷон Қутбиддинович, Устоев Акмалҷон Анварович ва Қаюмов Ҷаҳонгир Темурович таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Нидоев Парвиз Фозилович иштирок намуд.

 Боиси шодӣ ва ифтихор аст, ки дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар номинатсияи «Даставӣ» сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи дараҷаи сеюм, Сипоснома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

 Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ дастаи гумрукчиёни донишгоҳро бо ин дастоварди арзанда самимона муборакбод гуфта, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top