24-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи ҳафтаи илм семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” бо иштироки мутахассисони Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар мутахассисони бонк оид ба масъалаҳои маҳсулотҳои муосири бонкӣ, тақвияти саводнокӣ ва маърифати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ва тартиби гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар бонки мазкур суханронӣ карданд.
Семинари мазкур барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва маърифати молиявӣ, инчунин ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён мусоидат намуд.
Дар фарҷоми семинар байни донишҷӯён озмун доир ба саводнокии молиявӣ баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 