24-уми апрели соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук конференсияи илмӣ – назариявии донишҷӯён дар бахши забонҳо баргузор гардид.
Дар ҷараёни конференсия 44 нафар донишҷӯ аз факултетҳои мухталифи донишгоҳ иштирок карда, доир ба масъалаҳои мубрам ва муҳими омӯзиши забонҳо, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, услубшиносӣ ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокираҳои илмӣ сурат гирифта, маърӯзаҳои беҳтарини донишҷӯён муайян карда шуданд.
I. Аз фанни забони тоҷикӣ:
Ҷои аввал - Нуруддинова Омина Зубайдуллоевна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 25010801;
Ҷои дуюм - Мусоев Файзиддин Нуриддинович, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103;
Ҷои сеюм - Ибрагимов Меҳроҷиддин Салоҳиддинович, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 25010205.
II. Аз фанни забони русӣ:
Ҷои аввал - Шарипова Наҷиба Муллоисматовна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103;
Ҷои дуюм - Турдиев Санҷар Содиқҷонович, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202;
Ҷои сеюм - Закиров Комрон Бахромович, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250108.
III.Аз фанни забони англисӣ:
Ҷои аввал - Қурбонмуродова Шабноз Анваровна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103;
Ҷои дуюм - Сафарзода Маҳмуд Ҳотам, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 25010801;
Ҷои сеюм - Ғаюрова Парвина Саидмуродовна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 96010102.









Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 