23-юми апрели соли 2026 дар кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар доираи “Ҳафти илм” Конференсияи илмию назариявии омӯзгорон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш суханронӣ намуданд.
Конференсияи мазкурро мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент Алиев Ф.Ш. оғоз намуда, қайд намуд, ки воқеан мавзуъҳое, ки ба конференсия пешниҳод гардидаанд, мубрамият доранд ва метавонанд дар рушди илми ҳуқуқи ватанӣ ва қонунгузории миллӣ хизмат намоянд.
Иброз гардид, ки илм ягона василаи пешрафти ҷомеа буда, ташкили чорабиниҳои илмӣ заминаи ташаккули он мебошад. Дар ин раванд муҳаққиқон низ нақши пешбарро иҷро намуда, дастовардҳои илмӣ маҳз маҳсули фаъолияти пурмашаққати онҳо мебошанд. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли зиё қайд намуданд: “Дар кишвари мо илму маориф яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат буда, олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста мешаванд”.
Дар доираи ҳафтаи илм дар бахши ҳуқуқ 13 мақолаи омӯзгорон шунида ва баррасӣ карда шуданд.
Мавзуъҳои муҳим аз ҷумла: “Ташаккули ҳуқуқи идора” аз ҷониби профессори кафедра Раззоқов Б. Ҳ. манзур гардид, ки пешниҳодҳои илман асоснок дар мавриди номи ҳуқуқи маъмурӣ ва сохтори он намуданд. Маърӯзаи дигар дар мавзуи “Тарбияи ҳуқуқӣ” аз ҷониби дотсент Алиев Ф.Ш. ироа гардид, ки дар он мушкилотҳои субъектони тарбияи ҳуқуқӣ аз дидгоҳи назария ва амалия баррасӣ гардиданд. Дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ки талаботи асосии он фарҳанги баланди ҳуқуқӣ аст, масъалаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Дар маҷмуъ маърӯзаҳои баррасигардида бо пешниҳодҳои илмӣ, истифодаи омори амалӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи милливу хориҷӣ раванди кори конференсияро ҷолиб намуданд. Дар фарҷом саволу ҷавобҳо ва музокираҳои судманди илмӣ ба вуқӯъ пайваст.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 