24-уми апрели соли 2026 дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит конференсияи илмию назариявии донишҷӯён (бахши “Баҳисобгирии муҳосибӣ”) бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” баргузор гардид.
Кори бахши “Баҳисобгирии муҳосибӣ”-ро мудири кафедра Раҷабзода Олимхон Ҷурахон оғоз намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи илми тоҷик дар кафедра гузаронидани конференсияи илмию назариявии донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст ва аз ҷониби донишҷӯён ба конференсия маърӯзаҳои пурмазмун пешниҳод карда шудаанд.
Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён тариқи рӯнамо доир ба масъалаҳои мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, ревизия, назорати молиявӣ, баҳисобгирии идоравӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён сурат гирифт ва ҳамзамон маърӯзаҳои беҳтарини донишҷӯён муайян карда шуданд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 