КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР БАХШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 24 Апрел 2026

Имрӯз (24.04.2026) кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисодиёт ва тиҷорат дар доираи "Ҳафтаи илм" конференсияи илмию амалии донишҷӯёнро баргузор намуд.

 Дар конференсия донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла донишҷӯёни ихтисосҳои WEB-дизайн, информатикаи иқтисодӣ, омор, хадамоти гумрукӣ, молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд.

 Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён тариқи рӯнамо доир ба масъалаҳои мубрами иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокира байни иштирокчиён сурат гирифт ва ҳамзамон маърӯзаҳои беҳтарини донишҷӯён муайян карда шуданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top