КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁН

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 24 Апрел 2026

         23-юми апрели соли 2026 дар кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ташкили соҳибкорӣ Конференсияи илмию назариявии донишҷӯён ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Ғайратов Т.М., сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов З.С., мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Амонов С.С., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Одинабеков Х., омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд. 

Чорабинии илмиро мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ташкили соҳибкорӣ Комилҷон Алимов оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола моҳи апрел дар донишгоҳ конференсияи илмию назариявии донишҷӯён баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯён натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии худро муаррифӣ менамоянд.

Дар ҷараёни конференсияи илмию назариявӣ донишҷӯёни кафедра тариқи рӯнамо доир ба масъалаҳои мубрами назарияи иқтисодӣ, соҳибкорӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, меҳмонхонадорӣ, иқтисодиёти даврагӣ ва сабз маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

         Дар ҷамъбасти кори конференсия саволу ҷавоб ва музокирот сурат гирифта, андеша ва тавсияҳои ҷолиб доир ба маърӯзаҳои баррасишудаи донишҷӯён пешниҳод карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top