КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 23 Апрел 2026

23-юми апрели соли 2026 дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ Конференсияи илмию назариявии донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.

Дар конференсия ҷонишини декан оид ба илм Насим Давлатов, мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., профессор Раҷабов Р.К., дотсентон Раҷабзода Н.Р., Нидоев Н.Ф., Алиев М.Б., омӯзгорон Назарбекова Н.А., Ашурова М.Т. ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсияи илмию назариявии донишҷӯёнро мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Ғаюрӣ Раъно Саидмурод оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар моҳи апрел конференсияи илмию назариявӣ баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамоянд.

Сипас, донишҷӯён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво тариқи рӯнамо баромад намуда, андешаҳояшонро оид ба масъалаҳои мубрами соҳа баён карданд.

         Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокираи илмӣ сурат гирифта, маърӯзаҳои беҳтарин муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top