КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ҲУҚУҚ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 23 Апрел 2026

         22-юми апрели соли 2026 дар кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ конференсияи илмию назариявии донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.

 

         Кори конференсияро мудири кафедра дотсент Фаррух Алиев  ҳусни оғоз бахшида, ба маърӯзачиён барору комёбӣ таманно намуда, қайд намуд, ки маҳз иштирок дар чунин чорабиниҳои илмӣ заминаи ояндасозии ҳар як донишҷӯ мебошад.

 

         Дар ҷараёни конференсия 25 маърӯзаи илмии донишҷӯён дар мавзуъҳои муҳимми ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Ҳуқуқи инсон ва ҷазои қатл”, “Хусусиятҳои асосии сохтори конститутсионии ҶТ”, “Мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ”, “Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон” баррасӣ гардиданд.

 

         Дар фарҷоми конференсия саволу ҷавоб ва музокираи илмӣ сурат гирифта, донишҷӯёни фаъол ва маърӯзаҳои беҳтарин муайян карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top