21-уми апрели соли 2026 дар доираи «ҲАФТАИ ИЛМ» конференсияи илмию назариявии омӯзгорон дар бахши «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» бо иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорон ва муҳаққиқон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба ду санаи муҳимми таърихӣ ва миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуда, аҳаммияти махсуси илмӣ ва тарбиявӣ дошт.
Конференсияро мудири кафедра Одинабеков Х.В. ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ таъкид намуд, ки рушди илм ва таҳқиқоти муосир омили калидии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, чунин ҳамоишҳо барои:
▫️ муаррифии натиҷаҳои нави илмӣ;
▫️ тақвияти фаъолияти таҳқиқотии омӯзгорон;
▫️ дастгирии неруи зеҳнии ҷавонон;
▫️ ва ташаккули фазои муосири илмию инноватсионӣ нақши муҳим мебозанд.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Зоиршо Султонов сухани шодбошӣ гуфта, баргузории чунин конференсияро нишонаи рушди устувори фаъолияти илмӣ арзёбӣ карда, ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуд.
Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби омӯзгорон кафедра маърӯзаҳои муҳими илмӣ пешниҳод гардида, мавзуъҳои мубрами математика ва фанҳои табиатшиносӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Муҳокимаҳо дар фазои созандаи илмӣ баргузор шуда, табодули таҷриба ва андешаҳо миёни иштирокчиён густариш ёфт.
Конференсия дар маҷмуъ ҳамчун як майдони муҳим барои ҳамгироии илм, таҷриба ва навоварӣ арзёбӣ гардида, ба рушди минбаъдаи муҳити илмию таълимии донишгоҳ такони ҷиддӣ бахшид.









Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 