Конференсияи илмӣ - назариявии омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, ки санаи 21.04.2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ гузаронида шуд, бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра Неъмонов Ҷ.М. оғоз ёфт.
Сипас, дар идомаи конференсия дотсентон Шарипов М.И., Бойназаров Э.Х., Алимардонзода Б.М., омӯзгорон Сониева Ш.М., Каримова З.Ҳ., Ғуломов Б.О., Пулодов Ш.Г., Зарипова Р., Сангова Ф.Х., Қурбонова Г.Т., Абдуллозода Н.А., Атақулова Д.И. ва Саидов С.С. маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.
Дар маърӯзаҳо масъалаҳои тақвияту таҳкими худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.









Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 