20-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон “Ҳафтаи илм” оғоз гардид, ки дар доираи он ҷаласаи пленарии Конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Фархунда, дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагын Насырова Батима Боколовна, профессори Донишгоҳи миллии Евразия ба номи Л.Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистон Байгабулова Куляш Касымжановна, профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Машокиров оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 20-25 апрелро “Ҳафтаи илм” эълон намуда, дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушод ва дигар чорабиниҳои илмиро ба нақша гирифтааст.
Ҷамшед Машокиров дар идомаи суханаш гуфт, ки ҳафтаи илм ҳамчун як платформаи муҳимми илмӣ ва маърифатӣ барои муаррифии дастовардҳои илмӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмии донишгоҳ нақши бориз хоҳад гузошт.
Мавсуф нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд ва баъдан суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар во гузошт.
Ректори донишгоҳ меҳмонон ва аҳли толорро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Хайрулло Холназар ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Дар Паёми Роҳбари давлат таъкид гардид ки: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор рафта, тавассути зинаҳои магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантура (унвонҷӯӣ), докторантураи анъанавӣ амалӣ карда мешавад.
Дар соли 2026 тайёр намудани диссертатсияҳои номзадӣ ва доктории 23 нафар омӯзгору корманди донишгоҳ (4 нафар рисолаи докторӣ ва 19 нафар рисолаи номзадӣ) ба нақша гирифта шудааст. Дар семоҳаи аввал соли равон 4 нафар омӯзгор бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 70%-и боқимондаи онҳо пешдифои диссертатсияҳоро гузаштаанд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2025-ум 812 маводи илмии омӯзгорон чоп гардид, ки 12 адади онро монография, 154 ададашро мақолаҳои дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 263 ададашро фишурдаи мақолаҳои дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 142 адади онро мақолаҳои дар дигар маҷаллаҳо ба нашррасида ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар донишгоҳ 26 маҳфили илмӣ ва 3 ҷамъияти илмии донишҷӯён, ки зиёда аз 600 нафар донишҷӯро дарбар гирифтааст, фаъолият менамояд.
Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки аз 11 бахш иборат аст, дар маҷмуъ 461 мақола, аз ҷумла 167 мақолаи омӯзгорон ва 294 маърӯзаи донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.
Донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқот бурда истодааст.
Мувофиқи маълумоти Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (ба ҳолати 14.04.2026) мавқеи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон устувор буда, дар байни 48 МТОК-и ҷумҳурӣ ҷойи 7-умро ишғол мекунад. Дар маҷмуъ, натиҷаҳои дар Пойгоҳи миллӣ ҷойгиршуда нишон медиҳанд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои иқтидори устувори илмӣ мебошад, аммо барои боз ҳам беҳтар намудани мавқеи донишгоҳ дар рейтинг, тақвияти сиёсати кадрӣ, махсусан дар самти омодасозии докторони PhD ва докторони илм зарур аст.
Боварӣ дорам, ки гуфт ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар, профессорону омӯзгорон дар ҳафтаи илм маърӯзаҳоеро пешниҳод менамоянд, ки дорои масъалаҳои мубрами рӯз буда, масоили муҳимми илми муосирро инъикос мекунанд.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Алиев Фаррух Шарифович дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ – заминаи таҳкими низоми ҳуқуқии миллӣ” маърузаи пурмазмун намуд.
Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ ба чанде аз омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ дипломҳои номзадӣ, дотсентӣ, нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.



























Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 