СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 18 Апрел 2026

17-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ семинари омӯзишӣ дар ҳошияи шиори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов А.Р., муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т., сардори раёсати тарбия Авғонов С.М., сардори раёсати таълим Маҳмадуллоев З.Н., деканони факултетҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои академии доншгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, нақши худшиносии миллӣ дар рушди ҷомеа ва пешгирии таассубу хурофот, ҳамчунин риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърих, забон ва фарҳанг дар баробари риояи меъёрҳои динӣ барои ташаккули шахсияти комил ва ҷомеаи солим аҳамияти муҳим дорад. Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ бошанд.

Дар идомаи семинар масъалаҳои пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, инчунин нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top