16-уми апрели соли 2026 дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи пойтахт” бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.
Дарси кушоди тарбиявиро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедра, н.и.и., дотсент Рустамзода Фитрат Музаффар оғоз намуда, доир ба таърихи таъсисёбӣ, марҳалаҳои инкишоф ва нақши пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумот дод.
Сипас, муаллими калони кафедра Азизова Назира Аҳмадовна доир ба мавзуи матраҳгардиди маърузаи пурмазмун намуд.
Дар раванди дарс донишҷӯён Шафоат Шарифова, Мадинабону Байматова ва Зуҳро Бердиева дар васфи қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе шеъру таронаҳо қироат намуданд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 