16-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин чемпионати Осиё оид ба ҷудо оғоз ёфт, ки дар рӯзи якуми он ду паҳлавони тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг дар финал бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Боиси хурсандист, ки магистранти курси якуми ихтисоси 240103 - ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ дар ин сабқат ғолиб омада, соҳиби медали тилло ва чемпиони қитъаи Осиё оид ба ҷудо гардид. Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин медали тилло дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин медали тиллои паҳлавонони тоҷик дар чемпионати Осиё мебошад. Бори аввал (соли 2017) паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҳонконг ба гирифтани медали тиллои чемпионати Осиё ноил шуда буд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ Эмомалӣ Нуралиро бо ин дастоварди бузург табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаи варзишиаш барору комёбиҳо орзу менамоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 