14-уми апрели соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати сиёсӣ таҳти унвони "Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон" бо иштироки доираи васеи омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шоҳиён Абдураҳим - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродзода Ҷурабек - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Қурбонов Абдукарим - муовини якум, муовини ректори ДДТТ оид ба таълим ва иштирок намуданд.
Нахуст, Муродзода Ҷурабек - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ меҳмононро муаррифӣ намуд.
Сипас, Шоҳиён Абдураҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе оид ба таърихи пайдоиш, Барнома ва Оинномаи ҲХДТ суханронӣ карда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби умумимиллӣ аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.
Аз таъсисёбии сулҳи пойдор то расидан ба рушди устувори кишвар марҳилаест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ онро тай намуда, минбаъд низ дар ташаккул ва рушди босуботи ҷомеа бо анҷоми рисолати ватандӯстона ва корҳои созандагию бунёдкорона қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат тарбия намудани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, заҳматдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро талқин менамояд.
Инчунин, таъкид гардид, ки ҳамаи мо – ҳамсафонро месазад тамоми неру ва тавоноии худро ба пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, татбиқи барномаи ҳизб, ки аз иродаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, равона намоем.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёне, ки қаблан ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ аризаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.








Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 