РОҲХАТ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОЗМУН

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 10 Апрел 2026

10-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиӣ ва ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи “Географияи иқтисодӣ” миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 Озмун дар асоси талаботи низомнома дар муҳити солими рақобатӣ сурат гирифта, ҳакамон ба донишу малакаи донишҷӯён, ки барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии озмун сабқат доштанд, баҳои воқеъбинона дода, ғолибонро муайян намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top