8-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок намуданд.
Ҳадафи конференсия баррасии масъалаҳои мубрами экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дипломатияи экологию обӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувор мебошад.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз гардид. Мавсуф оид ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ба ҳисоб рафта, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, “Тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти ҳангуфт меоранд, зеро Тоҷикистон давлати кӯҳистонӣ буда, пиряхҳои зиёд дорад. Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, селҳои пиряхӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушоҳида мешаванд. Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар мамлакати мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро дар давраи то соли 2030 қабул намудааст”.
Ҷамшед Машокиров дар идомаи суханаш гуфт, ки пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ доранд. Обшавии онҳо метавонад ба амнияти обӣ, иқтисодӣ ва экологии кишварҳо таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, баррасии илмии ин масъала ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он вазифаи муҳими ҷомеаи илмӣ мебошад.
Сипас, маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимону коршиносони варзидаи зерини соҳа шунида ва баррасӣ карда шуданд:
- Қодиров Анвар Саидқулович, доктори илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ барои таъмини самараноки кори низоми геотермалии зеризаминии гармидиҳӣ»;
- Одинаев Орзу Боймаҳмадович, мутахассиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон»;
- Кенҷаева Сабина Рустамовна, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ дар мавзуи «Пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби нӯшокӣ ва рушди устувор».
Дар идомаи конференсия профессор Саидаҳмад Зубайдов, дотсентон Ҷамшед Машокиров ва Муҳитдин Ҳамитов дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзуи матраҳшуда баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуд.











Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 