7-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2026, № 10595(29-31) ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.04.2026, №(03)-06/5215 вобаста ба иҷрои Нақшаи намунавии баргузории аксияи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон" бо иштироки кормандони сохтори тарбиявӣ, сарпарастон ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳои донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи "Мактаби модарони оянда" баргузор гардид.
Ташкилкунандагони дарси кушоди тарбиявӣ муҳимияти ин масъаларо арзёбӣ намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба онро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, аз нуқтаи назари саломатӣ омода будани ҷавондухтарон барои мушарраф шудан ба номи пуршарафи модар, рушд додани малакаҳои зиндагӣ дар онҳо, нигоҳубини кӯдак, масъулият доштан ба саломатии худ ва кӯдак, тайёр кардани ғизои солим барои кӯдак ва аҳли оила, омода будан ба тағйиротҳои равонӣ ва эҳсосии давраи модар шудан маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд, то ҷавондухтарони донишҷӯ онҳоро ба инобат гирифта, оянда дар оиладорӣ истифода намоянд, оилаҳои хушбахту солим ташкил намуда, фарзандони солим, хушахлоқу боодоб ва ватандӯсту ватанпарвар, боилму бомаърифат тарбия намоянд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 