РОБИТАИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 06 Апрел 2026

Таҳким бахшидани робитаи назария ва амалия дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ яке аз омилҳои асосии омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Ин раванд дорои аҳаммияти хоса буда, ба фаҳмиши амиқи маводи назариявӣ, рушди малакаҳои амалӣ, касбият, инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва тафаккури касбӣ мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад 6-уми апрели соли 2026 дар асоси нақшаи тасдиқгардида донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 250104 - молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо фаъолият ва раванди хизматрасониҳои молиявӣ-қарзии ТАҚХ Лолс “Молия” аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни дарси истеҳсолӣ донишҷӯён бо фаъолияти шуъбаҳои амалиётӣ, пасандозӣ, оид ба корҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рушди бонкдории рақамӣ, департаменти молиявӣ ва ҳисобдорӣ, хавф ва аудити дохилӣ шинос гардида, доир ба раванди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ-қарзии ташкилоти зикргардида, аз ҷумла бо тарзи истифодаи амалии технологияҳои рақамии муосир барои таъмини сифат ва самаранокии амалиётҳо дар хизматрасониҳои бонкӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Дар анҷоми боздид корманди муассисаи зикргардида Райҳона Исмоилова ба донишҷӯён дар мавзуи “Бонкдори ҷавон” тренинг баргузор намуд. Дар ҷараёни тренинг донишҷӯён ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисони ташкилоти қарзӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top