ФАЪОЛИЯТИ МУРОФИАҲОИ СУДИИ НАМУНАВИИ ТАЪЛИМӢ ҶОННОК МЕШАВАНД

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 02 Апрел 2026

31-уми марти соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ Маҷлиси судии намунавии ҷиноятӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ баргузор гардид.

Мақсади гузаронидани мурофиаҳои судии намунавии таълимӣ баланд бардоштани донишҳои касбӣ-ҳуқуқӣ, салоҳиятнокӣ ва аз худ кардани нозукиҳои касби ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин мурофиаҳои намунавӣ заминаи баланд бардоштани сифати таълим, маърифати ҳуқуқии донишҷӯён гардида, барои ихтисосманд шудани онҳо кӯмаки бевосита мерасонад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top