БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Бинанда: 7 | Санаи нашр: 01 Апрел 2026

         1-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи математика байни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

         Раванди баргузории озмунро мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Одинабеков Х.В., инчунин омӯзгорон Маҳмадакимова С.С. ва Бобохонов Б.Ш. назорат намуданд.

         Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ғолибон муайян карда шуданд ва барои иштирок дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд.

         Озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба рушди тафаккури мантиқӣ ва такмили донишҳои назариявию амалии донишҷӯён мусоидат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top