18-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, кормандон, собиқадорон ва донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, аҳли раёсати донишгоҳ ва собиқадорони шинохтаи соҳаи маориф, ки дар ташаккул ва рушду ободии ин боргоҳи илму маърифат саҳми афзун гузоштаанд, бо намоишгоҳи омодакардаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ, аз ҷумла дастархони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварду комёбиҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос гардиданд.
Сипас, дар толори асосии донишгоҳ ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бостонию фархундаи ниёгон самимона шодбош гуфт ва аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи байналмилалӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои муҳимми худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, моҳияту ҳикмати он аз донишу хирад, меҳру садоқат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат аст.
Ректори донишгоҳ афзуд, ки Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашнест, ки аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист. Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, бузургтарин ҷашни миллии мардумамон ба ҳисоб рафта, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегиранд.
Хайрулло Холназар дар идомаи суханаш иброз дошт, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ҳар як нафари оила бо дили гарму табъи болида, бо орзую умеди нек ба тозаю обод намудани кӯчаю раста, ҳавлию кошонаи хеш, бо ба бар намудани сару либоси озодаю нав бо чеҳраи кушода ва хурсандӣ Наврӯзро пешвоз гирифта, бо фарорасии ин ҷашни фархундаю фасли сол - баҳор якдигарро шодбош мегӯянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Наврӯз бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусиятҳои хоси худ, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, дар олам машҳур гардидааст.
Дар идомаи ҷамъомад Хайрулло Назарзода ба омӯзгороне, ки унвони илмии профессор ва дотсентро соҳиб гардиданд диплом ва ба чанде аз омӯзгорони фаъоли дар таълиму тарбия саҳмгузошта ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳро супорид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Баҳор, Наврӯз, зебоиҳои табиати афсункор, оғози кишту кори марди деҳқон ва рақсҳои ҷаззоб иборат буд, хотири ҳозиринро болида гардонида, ба ҷамъомад шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 