МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 16 Март 2026

Бо ташаббуси кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 16-уми марти соли 2026 мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Зоиршо Султонов, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев, мудири кафедраи молия, дотсент Баҳодур Дустматов, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ Фаррух Алиев, мудири кафедраи кори бонкӣ, дотсент Лоиқшо Ҳалимов, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Ҳакимзода, муовини декан оид ба тарбияи факултет Баҳодур Ғуломов ва донишҷӯёни ихтисосҳои менеҷмент ва маркетинг иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии мизи мудаввар тарғиб ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот, кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Мизи мудавварро номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Ҳакимзода оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳамасола 15 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев дар мавзуи “Масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон” аз 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

Дар идомаи мизи мудаввар, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев ва номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати истеъмолӣ ва харидории истеъмолгарон” суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар мамлакат дастрасӣ ба маҳсулоти озуқавории бехатар ва таъмини амнияти озуқаворӣ масъалаи мубрам маҳсуб меёбад. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15-уми март ҷашн гирифта мешавад, зери шиори “Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба ғизои солим ва хизматрасонии муносиб” дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зарурӣ доир карда мешаванд.

Дар қисмати музокирот сардори раёсати илм ва инноватсия Зоиршо Султонов, мудири кафедраи молия Баҳодур Дустматов, мудири кафедраи кори бонкӣ Лоиқшо Ҳалимов баромад намуда, андешаҳои худро оид ба мавзуъ баён намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top