15-УМИ МАРТ - РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 14 Март 2026

         13-уми марти соли 2026 бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Иттифоқи истеъмолкунандагон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок доштанд.

         Ҳамоишро муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Солеҳзода Ширин Бухор оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳамасола 15-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

         Ширин Бухор афзуд, ки бо дарназардошти талаботи қонунгузории амалкунанда ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот баҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

         Дар идомаи чорабинӣ намояндагони мақомотҳои болозикр аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон гузориш доданд.

         Баъдан бо мақсади пешгирии ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, аз ҷониби иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур карда шуд, ки баҳри сифатнок татбиқ намудани қонунгузорӣ дар ин самт мусоидат хоҳанд кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top