РЕКТОРИ ДДТТ ДАР ФОРУМИ СЕЮМИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН СУХАНРОНӢ НАМУД

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 13 Март 2026

13-уми марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар заминаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид.

Дар кори форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ректорон ва роҳбарони донишгоҳҳои пешрафтаи ду кишвар иштирок намуданд.

Бояд зикр намуд, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои муҳими шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Баргузории форумҳои ректорон ба густариши ҳамкории академӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ мусоидат менамояд.

Маросими ифтитоҳи форумро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода роҳбарӣ намуд. Бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай Авезимбетович баромад намуда, аҳамияти таҳкими ҳамкории илмию таълимӣ ва рушди мубодилаи академиро таъкид карданд.

Дар ҷаласаи пленарии форум раиси Шурои ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар бо маърӯза дар мавзуи «Ҳамкории илмӣ-таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон: нақши форумҳои ректорон дар таҳкими шарикии стратегӣ» суханронӣ намуд.

Дар маърӯзаи худ ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки форумҳои ректорон ҳамчун платформаи муассири рушди ҳамкории байнидонишгоҳӣ, мубодилаи таҷриба, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин густариши ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон хизмат мекунанд.

Дар ҷаласаи пленарӣ инчунин ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Маҷидов Ином Уришевич, ректори Донишоҳии технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд Турабджанов Садритдин Маҳаматдинович суханронӣ намуданд.

Дар доираи форум маросими имзои созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамчунин дар доираи Форум Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Аз ҷумла протоколҳо, меморандумҳои ҳусни тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои зерин ба имзо расонида шуданд:

• Донишгоҳи давлатии Фарғона;

• Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд;

• Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ;

• Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек;

• Донишгоҳи давлатии Термез.

Ҳуҷҷатҳои баимзорасида рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, конфронсҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалиро пешбинӣ менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top