ДАСТАИ ДДТТ - ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 10 Март 2026

   Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Олимпиадаи IV Байналмилалии фосилавии донишҷӯён, ки таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувори СММ ҳамчун чолишҳо ва самтҳои нави менеҷменти муосир» дар Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин ва Институти менеҷмент ва бизнеси ба номи А.А. Асановаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

   Боиси ифтихор аст, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун, ки аз ҷониби ҳайати коршиносони байналмилалӣ баҳогузорӣ гардид, дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо нишон додани донишу малакаи баланди илмӣ ва таҳлили амиқи масъалаҳо сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1-ум гардид.

   Олимпиада дар асоси барномаи таълимии «Менеҷмент» баргузор гардида, дар он донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ дар озмун бо дастаи иборат аз 3–4 нафар донишҷӯ ширкат варзид.

   Дар доираи Олимпиада иштирокчиён як қатор супоришҳои илмӣ, аз ҷумла таҳияи мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами менеҷменти муосир, Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба татбиқи ин ҳадафҳо дар фаъолияти идоракуниро иҷро намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top