7-уми марти соли 2026 унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатов Насимҷон Сайдаҳтамович дар Шурои диссертатсионии назди ДДТТ рисолаи номзадиашонро дар мавзуи “Ташаккул ва рушди фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии д.и.и., дотсент Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас аз рӯи ихтисоси 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.06 – Иқтисодиёти соҳибкорӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Насимҷон Сайдаҳтамовичро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамоянд!
РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ!
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 