Субҳи 7-уми марти соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим - руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст!” баргузор гардид.
Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба ин васила дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоштанд.

Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 