АКСИЯИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ”

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 07 Март 2026

Бо мақсади ободу зебо ва тозаву озода гардонидани донишгоҳу атрофи он ва соҳили дарёи Душанбе 7-уми марти соли 2026 бо иштироки ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ аксияи “Тозагии соҳил” ташкил карда шуд.

 Дар рафти аксия қитъаи ба донишгоҳ вобастагардидаи соҳили дарё аз партовҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бехатарӣ тоза карда шуд.

 Инчунин, дар саҳни донишгоҳ, гирду атрофи он ва ҳудуди хобгоҳи донишҷӯён корҳои ободонӣ ва тозаю озода намудани роҳраву биноҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top