Дар арафаи Рӯзи Модар бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар, дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, як қатор чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ баргузор шуда истодаанд.
Дар доираи ин иқдом кормандони Кумита ба аёдати собиқадорон ва бонувони фаъолу хизматнишондодаи соҳаҳои гуногун рафта, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ — чаканро бо тамоми унсурҳояш тақдим намуданд. Ин ташаббус нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад.
Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар» ба муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гулнора Ҳисориева ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ — чакан тақдим карда шуд.
Мақсад аз тақдими либоси миллӣ ба бонувон эҳёи суннатҳои неки миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ миёни ҷомеа мебошад. Либоси миллӣ муаррифгари таърих, тамаддун ва ҳувияти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 