5-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, густариши ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷавонон, ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи китоб ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар даври донишгоҳии озмун донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва назму наср байни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорати суханварӣ, донишу ҷаҳонбинӣ ва қобилияти таҳлили асарҳои бадеиро нишон доданд. Иштирокчиён инчунин порчаҳо аз осори адибони машҳурро қироат намуда, мазмуну муҳтавои онҳоро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҷамъбасти даври донишгоҳии озмун ғолибон муайян карда шуданд ва даври навбатии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 