ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бинанда: 19 | Санаи нашр: 18 Феврал 2026

17-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Эмомализода Фариддун, муовини комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Ниёззода Насриддин, комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ полковник Ёрзода Манучеҳр иштирок доштанд.

Мақсади вохӯрӣ аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии хатмкунандагон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, инчунин иттилоърасонӣ оид ба аҳаммият ва уҳдадории конститутсионии адои хизмат ба Ватан иборат мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи истиқлолу амнияти давлат, шароиту имкониятҳои хизмати ҳарбӣ, таҳкими ҳамкории муассир миёни донишгоҳ ва сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top